Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (UNWFP) ҳушдор додааст, ки сокинони Афғонистон дар зимистони оянда эҳтимол бо буҳрони "қаҳтии бесобиқа" рӯ ба рӯ шаванд. Ин ҳушдор дар идомаи нигарониҳои созмонҳои байнулмилалӣ дар бораи эҳтимоли рух додани гуруснагӣ ва камбуди манбаъҳои молӣ барои пуштибонӣ аз ниёзмандон дар Афғонистон садо дод.
Ҷон Эйлифф, раиси Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо барои кумак ба тақрибан 10-15 миллион нафар ниёзманд дар фасли зимистон тавони молӣ надоранд.
Ӯ дар идома афзуд, ки хушксолӣ, коҳиши ёриҳои ҷаҳонӣ ва бозгашти маҷбурии садҳо ҳазор муҳоҷири афғон камбуди ғизоро дар ин кишвар афзоиш додааст.
"Мо бояд ҳар кореро, ки дар тавонамон ҳаст, анҷом диҳем, то аз сар задани қаҳтӣ пешгирӣ кунем. Ончӣ, ки дар пеши рӯи мост, метавонад бесобиқа бошад. Дар зимистони оянда мумкин аст байни 10-15 миллион нафар ба кумакҳои ғизоӣ ниёз дошта бошанд. Аммо айни ҳол мо ҳеч буҷае надорем ва ҳеч имконе барои посухгӯӣ ба ин бӯҳрон вуҷуд надорад," -- илова кард ӯ.
Ҷон Эйлифф афзуд, Барномаи ҷаҳонии озуқа барои расидагӣ ба осебпазиртарин хонаводаҳо дар саросари Афғонистон барои шаш моҳи оянда ба 539 миллион доллар ниёз дорад, аммо ба гуфтаи ӯ, то кунун фақат 155 миллион доллар барои соли ҷорӣ дарёфт кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки ин рақам соли гузашта тақрибан 560 миллион доллар ва дар соли 2022 ҳудуди 1,6 миллиард доллар будааст.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз хонаводаҳои камбизоат ва бозгашта аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон мегӯянд, ки бинобар набудани кор ва боло будани хароҷоти рӯзгор дар вазъияти бисёр бади иқтисодӣ қарор дошта, ниёз ба кумакҳои фаврӣ доранд.
Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ҳам рӯзи 17-уми август дар эъломияе ҳушдор дод, ки бинобар маҳдудиятҳои молӣ ва густурдагии бозгашти муҳоҷирони афғон, ин ниҳод танҳо тавони чанд ҳафта кумакрасониро дораду бас.
Барномаи ҷаҳонии озуқа (UNWFP) пеш аз ин, дар аввли моҳи июл, гуфта буд, ки дар тобистони имсол ҳудуди даҳ миллион нафар дар ин кишвар бо гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд. UNWFP ҳушдор дода буд, ки бе дарёфти буҷаи нав, идомаи ёриҳои ин созмон бо хатар рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ин нигарониҳо дар ҳоле матраҳ шудааст, ки пеш аз ин Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ бо нигаронӣ аз коҳиши будҷа барои кӯмакҳои башарӣ бо афғонҳо, эълон карда буд, ки дар соли ҷории мелодӣ наздик ба 23 миллион нафар дар ин кишвар ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.