Дар пайи эълони амалиёти нави артиши Исроил дар Навори Ғазза ҳазорон исроилии норозӣ ба хиёбонҳо баромада, хостори қатъи ҷанг ва расидан ба тавофуқ барои озодии гаравгонҳо шуданд. Муътаризон бо даъвати хонаводаҳои гаравгонҳо рӯзи якшанбеи 17-уми август даст ба корпартоӣ заданд. Дар баъзе минтақаҳо муътаризон бо пулис даргир шудаанд.
Эътирозгарон бо оташ задани асбобҳои пластикӣ чанд роҳро дар Тел-Авив, аз ҷумла роҳи асосӣ ба шаҳри Байтулмуқаддасро бастанд. Пулиси Исроил аз боздошти даҳҳо муътариз дар саросари кишвар хабар додааст. Пулис барои пароканда кардани муътаризон аз мошинҳои обпош истифода карданд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки неруҳои давлатӣ алайҳи муътаризон дар шаҳри Ҳайфо аз хушунат истифода бурдаанд.
Хабаргузориҳо гузориш доданд, ки дар пайи даъвати хонаводаҳои гаравгонҳо ба корпартоии умумӣ, рӯзи якшанбе бисёре аз корхонаҳо дар Байтулмуқаддас ва Тел-Авив кор накарданд. Корпартоиро фурудгоҳҳо ва донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар низ дастгирӣ карданд. Кормандони Бандари Ҳайфо низ даст ба корпартоӣ задаанд.
Дар шаҳри Байтмулмуқаддас даҳҳо нафар дар назди манзили Рон Дермер, вазири корҳои стратегӣ ҷамъ шуда талаб карданд, ки давлат барои озодии гаравгонҳо ба тавофуқ расад ва ҷангро поён диҳад.
"Мо аз ҳукумати Исроил танҳо як дархости сода дорем – пешниҳоди нақшаи Исроил барои созиши ҳамаҷониба ва хотима додан ба ҷанг дар ивази озодии охирин гаравгонҳо", - гуфт Наоми Абир, модари яке аз қурбониёни намоише, ки "Ҳамос" ба он ҳамла карда буд.
Ба назди эътирозгарон дар майдони маъруф ба гаравгонҳо раиси ҷумҳури Исроил Исҳоқ Ҳерсог баромад. "Ман мехоҳам ба гаравгонҳо, ки дар шароити ваҳшатнок дар нақбҳои Ғазза нигоҳдорӣ мешаванд бигӯям, ки мо як дақиқа ҳам шуморо фаромӯш накардаем, мо ҳама чораҳоро меандешем то шуморо ба хона баргардонем", - гуфт раиси ҷумҳури Исроил.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар вокуниш ба эътирозҳо гуфт, талаби хатми ҷанг бидуни нобуд кардани гуруҳи "Ҳамос" хатари такрори ҳамлаи 7-уми октябрро дубора ба вуҷуд меорад.
Дар посух ба ҳарфҳои нахуствазири Исроил хонаводаи гаравгонҳо дар изҳороте Бенямин Нетаняҳуро ба беамалӣ ва пеш набурдани музокирот муттаҳам карданд.
"Рабудашудаҳо танҳо шиор нестанд. Онҳо масолеҳ барои киштӣ ҳам нестанд. 49 мард ва як зани рабудашуда, бародарон ва хоҳарони мо мебошанд. Масъулияти баргардондани онҳо ба уҳдаи шумо аст", - навиштаанд хонаводаи гаравгонҳо.
Тибқи иттилои ахир, 59 гаравгони исроилӣ дар дасти "Ҳамос" мондаанд ва гуфта мешавад, танҳо 24 тани онҳо зиндаанд. Ин нафарон моҳи октябри соли 2023 дар ҷараёни ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил ба асорат гирифта шуданд. "Ҳамос" аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи террористӣ шинохта шудааст.
Сахтар шудани ҷанг дар Ғазза буҳрони инсонӣ дар ин минтақаро вазнинтар мекунад. Баъзе аъзои давлати феълии Исроил, ки бо ҳаргуна тавофуқ бо гуруҳи “Ҳамос” мухолифанд, тазоҳуроти рӯзи якшанберо маҳкум карданд.
Намоишҳои эътирозӣ як ҳафта пас аз он баргузор мешавад, ки кобинаи амниятии Исроил ба тарҳи тасарруфи шаҳри Ғазза мувофиқат кард. Артиши Исроил 16-уми август ба фаластиниёни сокини Ғазза дастур дод, ки ба ҷануби ин борика кӯч банданд. Исроил ният дорад, ки амалиёти низомии васеъро дар Ғазза анҷом диҳад.