Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё дар тобут, ё дар аробаи маъюбӣ". Тақдири зархаридони Русия


Қабристони зархаридони "Вагнер". Вилояти Краснодари Русия. 22-юми январи соли 2023 дар қабристони наздикии
Қабристони зархаридони "Вагнер". Вилояти Краснодари Русия. 22-юми январи соли 2023 дар қабристони наздикии

Русия сарбозони зархариди хориҷиро пас аз хатми муҳлати созишнома ҳам ба хона ҷавоб намедиҳад. Ба навиштаи муаллифони гузориши лоиҳаи украинии "Зистан мехоҳам", ҳоло дар воҳидҳои ҳарбии артиши Русия, ки дар Украина меҷанганд, тахминан се ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бе шартнома ифои вазифа мекунанд. Дар ин байн наздик ба як ҳазору дусад нафари онҳо аз Осиёи Марказӣ будаанд.

"Сарнавишти онҳо ба дасти фармондеҳон аст"

Сарбозони сафарбаршуда ва шартномавии артиши Русия хуб дарк кардаанд, ки қарордод бо Вазорати мудофиаи ин кишвар як роҳи бебозгашт аст. Бисёре аз хориҷиён, ки барои пул ё имтиёзҳои дигари Русия ба даст силоҳ гирифтаанд, аз ин як кашфиёт нороҳат будаанд.

Ба гузориши лоиҳаи украинии "Зистан мехоҳам", феълан дар сафи артиши Русия дар Украина камаш се ҳазор зархариди хориҷӣ меҷанганд, ки муҳлати қарордодашон бо артиши Русия ба анҷом расидааст, вале онҳоро ба ватанашон ҷавоб намедиҳанд. Ҳамин манбаъ меафзояд, ки як ҳазору дусад нафари онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиянд.

Тарҳи “Зистан мехоҳам” навиштааст: “Аксар зархаридони хориҷӣ ҳангоми имзои шартнома бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия бовар доштанд, ки муҳлати қарордод як сол аст. Ин тавр нест. Сарнавишти онҳо ба дасти фармондеҳон аст, ки ҳақ доранд, зердастонашонро то охири ҷанг дар ҷабҳа нигаҳ доранд. Ҳамин тавр, низомиёни зархарид танҳо дар тобут ё баъд аз бардоштани ҷароҳати вазнин имкон доранд, ки ба хонаҳояшон баргарданд.”

Аввал шаҳрвандони Узбекистон, сипас Тоҷикистон

Муаллифони лоиҳаи "Зистан мехоҳам" навиштаанд, ки дар артиши Русия беш аз ҳама зархаридони бешартнома аз Узбекистон ҳастанд. Ҳоло дар сафи артиши Русия дар Украина 426 шаҳрванди Узбекистон меҷанганд, ки шартномаашон ба поён расидааст.

Дар ҷойи дуюм Тоҷикистон аст. Шумораи зархаридони тоҷикистонии бидуни шартнома 367 нафар ҳисоб шудааст. Ҳамчунон ба ин рӯйхат 241 зархарид аз Қазоқистон, 155 зархарид аз Қирғизистон ва 68 сарбози бешартнома аз Туркманистон шомил будаанд.

Фаъоли иҷтимоии Қазоқистон Ормон Шураев бар ин аст, ки дар Украина мондани зархаридон барои кишварҳояшон беҳтар аст: "Ин афрод таҷрибаи бузурги одамкушӣ доранд. Барои онҳо ҷамъ кардани паҳподу ба воситаи он ба ҷойе ҳамла кардан мушкиле надорад. Аксари онҳо бо бемории равонии баъд аз ҷанг мувоҷеҳ мебошанд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, бозгашти онҳо ба ватанҳояшон таҳдиди калон ба амнияти ин кишварҳост. Фарқ надорад ин Қазоқистон аст, Қирғизистон аст, Узбекистон ё ҷойи дигар."

Дар ҳамин ҳол, баъзан Русия маҷбур шудааст, бар пояи тақозои раҳбарони хориҷӣ зархаридонро ҷавоб диҳад. Тарҳи "Зистан мехоҳам" дар Украина хотирнишон мекунад, ки соли 2024 бо талаби қатъии сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, Русия тамоми зархаридони ҳиндиро ба ватанашон ҷавоб дод.

Шураев исрор меварзад, ки раҳбарони кишварҳои дигар низ бояд фарзандашонро аз ҷанг берун кунанд: "Путин аз Ҳиндустон вобастааст Ҳиндустон тахминан 30 дарсади нафти Русияро мехарад. Агар ин кишвар харидани нафтро бас кунад, Русия миллиардҳо долларро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, бозгардони 100 ё 200 ҳиндии бадбахт арзонтар аз гум кардани 100 ва ё 200 миллиард доллар аст."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Шартнома нест, аммо Русия зархаридонро ҷавоб намедиҳад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Лоиҳаи Зистан мехоҳам" танҳо дар бораи он зархаридони хориҷӣ ҳарф задааст, ки муҳлати шартномаашон ба поён расидааст. Бар иловаи онҳо дар ҷангҳои Украина шумораи зиёди зодагони кишварҳои хориҷӣ меҷанганд, ки шаҳрванди Русия шудаанд.

Дар форуми ахири иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин гуфта буд, ки ҳозир дар Украина камаш 20 ҳазор шаҳрвандоне аз тарафи Русия меҷанганд, ки ахиран соҳиби шиносномаи Русия шудаанд. Ӯ зодагони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар назар дошт.

XS
SM
MD
LG