Як донишманди тоҷик гуфтааст, ки муҳоҷирати кории зиёди ҷавонон метавонад сабаби пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон шавад, ки ҳоло ҷавонтарин аҳолиро дар минтақа дорад. Фирдавс Ҳаитов, устоди Донишгоҳи миллӣ, дар як таҳлиле дар бораи таъсири муҳоҷират ба пиршавии аҳолӣ навиштааст, “муҳоҷират раванде мебошад, ки метавонад, сатҳи ҷавонии аҳолиро паст кунад.”
Тоҷикистон кишвари дорои ҷавонтарин аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ аст. Тақрибан 5 дар сади аҳолиаш мардуми аз 65-сола боло ҳастанд. Муаллифи мақолаи таҳлилӣ бо такя ба пешбиниҳо гуфтааст, бо вуҷуди афзоиш таркиби синнусолии аҳолии Тоҷикистон тағйир хоҳад ёфт ва то 25 соли дигар ҳиссаи аҳолии аз 60-сола боло се баробар афзуда, ба 16 дар сад мерасад.
“Яке аз омилҳо коҳиши сатҳи таваллуд аз ҳисоби муҳоҷирати аҳолӣ аст, чун муҳоҷирати фаъол ба коҳиши таваллуд мусоидат мекунад,” – навиштааст Фирдавс Ҳаитов.
Ба қавли муаллиф, ҷавонони тоҷик дар муҳоҷират солҳои зиёдеро паси сар карда, “урфу одатҳои мардуми дигарро, ки камфарзандӣ ва издивоҷ дар синни боло хосашон аст, қабул мекунанд.” Ба андешаи Фирдавс Ҳаитов, дар ин сурат духтарон пир мешаванд, ё омодаанд, бо мардони калонсол издивоҷ кунанд ё ҳамсари дувуму саввум ва чаҳорум шаванд, ё аслан издивоҷ накунанд.
Ӯ таҳқиқотеро мисол овардааст, ки нишон додаанд, бештар аз 31 дар сади духтарони бешавҳар дар Тоҷикистон сабаби издивоҷ накарданашонро дар кам будани мардон номидаанд. Аз Тоҷикистон, асосан ҷавонони аз 25 то 35-сола ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва ба гуфтаи муаллифи мақола, тамоюли онҳо ба издивоҷ дар Русия торафт зиёдтар мешавад.
Аҳолии Тоҷикистон солона то 200 ҳазор нафар меафзояд ва 70 дар сади аҳолии бештар аз 10 миллионнафарии кишвар ҷавонон ҳастанд. Ба сабаби бекорӣ ва ё музди кам, солона садҳо ҳазор нафар аз ҷавонони кишвар ба Русия барои кору зиндагӣ мераванд.
Пир шудани аҳолӣ барои ҳар кишвар мушкилоти зиёде меорад, чун нерӯи қобили кор камтар ва харҷи давлатӣ барои нигаҳдории аҳолии пиронсол зиёдтар мешавад ва ин тавонро на ҳама аз кишварҳои ҷаҳон доранд.
Фирдавс Ҳаитов, мудири кафедраи онтология ва ва назарияи маърифати факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва мақолаи ӯ таҳти унвони “Робитаи мутақобилаи муҳоҷират ва ҷараёни пиршавии аҳолӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон” дар шумораи дувуми маҷаллаи Ахбори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба тозагӣ нашр шудааст.