Наздик ба 200 тан дар селобҳои Покистон ҷон бохтанд

Мақомот дар Покистон эълон карданд, ки бар асари туғёни дарёҳо ва ҷорӣ шудани селоб, наздик ба 200 нафар дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бориши сахт, селҳои ногаҳонӣ, раъду барқ ва фурӯ рехтани хонаҳо, боиси маргу мир дар теппаҳо ва кӯҳҳои вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ шудааст.

Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Покистон дар соатҳои охири рӯзи ҷумъа шумори қурбониёнро 194 эълон кард.

Шаҳоб Алишоҳ, раиси вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки аз селобҳо аз ҳама бештар мардум дар минтақаи Бунер осеб диданд. Дар ин минтақа 100 кс ба ҳалокат расидааст.

Ба гузориши "Рейтерз" як чархболе, ки барои осебдидагон аз сел дар минтақаи Баҷаур кӯмак мебурд, бинобар обу ҳавои номусоид суқут кард ва панҷ сарнишини он ҷон бохтанд.

Мақомоти имдодрасон ва наҷот эълон карданд, ки дар минтақаи Свот, пас аз туғёни дарёҳо, беш аз 2 ҳазор нафар ба минтақаҳои амнтар интиқол дода шуданд.

Дафтари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон эълон кард, ки ӯ барои баррасии вазъ, нишасти изтирорӣ баргузор кардааст.

Дар ҳафтаҳои гузашта садҳо нафар дар ин кишвар дар пайи боронҳои мавсимӣ, ҷон бохтанд.