Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷикро, ки ба даҳ солу чор моҳ ҳабс маҳкум шудааст, рӯзи 26-уми феврал аз Кӯлоб ба Душанбе бурдаанд. Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 3-юми март аз манобеаш хабар гирифт.
Мақомот нагуфтанд, ки ӯро дар кадом зиндон ҷойгир хоҳанд кард, вале ба иттилои дарёфтӣ “феълан дар Боздоштгоҳи рақами яки пойтахт аст”.
Ширинмоҳ Иброҳимова, хоҳари Аҳмади Иброҳим, дар як тамоси телефонӣ хабари ба Душанбе бурда шудани ӯро тасдиқ кард.
Ба иттилои ӯ, бародараш ҳангоми интиқол ба Душанбе гуфтааст, ҳанӯз нусхаи ҳукми додгоҳро нагирифт ва биноан барои бозбинии он дархост надод.
“Вай гуфт, ки ҳатман аз рӯйи ҳукми ноодилона шикоят хоҳад кард ва то ҳукм ба дасташ нарасад, муҳлати шикоят намегузарад,” – афзуд Ширинмоҳ Иброҳимова.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти додгоҳӣ гуфта буданд, ӯ барои бозбинии ҳукм ҳамагӣ ним моҳ фурсат дошт. Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар аввали моҳи феврал гуфт, чун рӯзноманигор шикоят накард, “аз ин бармеояд, ки бо ҳукм розӣ аст.”
Пайвандонаш мегуфтанд, шикоятро аз ҳукми, ба гуфтаашон, “фармоишӣ” кори беҳуда медонанд. Ба нақли яке аз онҳо, ҳушдор гирифта буданд, ки агар аз ҳукм шикоят баранд, эҳтимол ҷазо сахттар шавад.
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори 63-сола ва сардабири нашрияи “Пайк”, дар моҳи августи соли 2024 дастгир шуд. Додгоҳи шаҳри Кӯлоб дар моҳи январ ӯро ба “пешниҳоди ришва”, “тамаҷӯъӣ” ва “ифротгароӣ” гунаҳкор донист. Худаш ҳеч яке аз ин иттиҳомҳоро напазируфт.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Гузоришгарони бидуни марз ҳукмро ноодилона ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигорро талаб карданд.