Додситони вилояти Суғд дар охири ҳафтаи гузашта ба рӯзноманигорон гуфт, ки бо гузашти якуним моҳ аз марги ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов рози ҷиноят ҳанӯз маълум нашудааст.
Яке аз онҳо, Зариф Абураҳимов, дар моҳи июн кушта ва дигаре, Ёқуб Иброҳимов, дар аввали моҳи июл дар шароити мармуз ҷон бохт. Пайвандон талаб доранд, ки сабабгорони ҳодиса зудтар ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
“Гурӯҳи тафтишотӣ созмон дода шудааст. Роҳбараш муовини додситони вилоят аст. Кормандони Додситонӣ аз шаҳру ноҳияҳои дигар, кормандони Раёсати умури дохилӣ дар Суғд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов барои ин кор сафарбар шудаанд,” – шарҳ дод додситони вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода.
Гулсанам Абдураҳимова, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов
Зариф Абдураҳимови 38-сола шаби 27-уми июн дар назди фарзандонаш аз ҷониби ду шахси ниқобпӯш кушта шудааст. Ҳамсараш Гулсанам Абдураҳимова гуфт, он шаб дар бемористон буд, аммо ба нақли фарзандонаш қотилон аввал пул талаб кардаанд.
"Гуфт, агар ҷойи пулро нагӯӣ, мекушам. Вақте ҳеч чиз нагуфтем, ба дасту пой ва чашмонамон скотч кард. Як илоҷ карда, скотчро канда, аз ҷой хестам, ки ба тарафи саҳро гурехтанд. Сипас доду вой карда, ҳамсояҳоро ҷеғ задам ва дидам, ки падарам дар пеши чашмам ҷон доданд," – нақл кард Озодбек Абдураҳимов, писари Зариф Абдураҳимов.
Додситони вилояти Суғд низ бар ин аст, ки ҳадаф ғоратгарӣ будааст, вале Фурқат Хоҷазода аз додани маълумоти бештар худдорӣ кард, чун ба гуфтааш “сирри тафтишот аст” ва “шахсони ҷинояткору ҷиноятпеша бояд зудтар ёфта шаванд.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Гуфт, агар ҷойи пулро нагӯӣ, мекушам"
Чанд сокини деҳаи Саричашма дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтанд, ки то ин дам мақомоти тафтишотӣ бисёриҳоро ба бозпурсӣ даъват ва бархеро дастгир кардаанд.
Дар рӯзҳои аввали ҳодиса яке аз пайвандони Зариф Абдураҳимов, Ёқуб Иброҳимови 50-соларо ҳам масъулони мақомот ба милисахонаву додситонӣ бурда, дар бораи ин мавзуъ пурсидаанд. Баъди як ҳафтаи қатли Зариф Абдураҳимов, ӯ низ 5-уми июл ба таври мармуз ҷон бохтааст. Пайвандонаш гуфтанд, ки худкушӣ кард ва раиси ноҳия мегӯяд, тафтиши марги ӯ низ идома дорад.
Гулсанам Абдураҳимова, ҳамсари Зариф Абдураҳимов, мегӯяд, "мехоҳам одаме, ки ҳамин корро кардааст, ҳарчи зудтар пайдо шавад. Ҳама ҷо тинҷӣ аст ва мардум пайи кори худаш аст. Фақат мехоҳем, ки ҷиноят тезтар ошкор шавад."
Кушторҳои мармуз дар шаҳри Конибодом дар ду соли охир дар минтақаи Суғд мардумро ба ташвиш оварда буд. Мақомот охири соли гузашта чандин нафарро дар куштори беш аз 20 сокини он шаҳр ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карданд ва ду шаҳрванди Қирғизистонро дар пайгарди расмӣ қарор додаанд. Вале ин ҳолатҳои нав ва ёфт нашудани омилони он дар минтақаи дигари шимоли Тоҷикистон ташвишҳои мардумро дучанд кардааст.