Путин дар Магадан, пеш аз сафар ба Аляска

Доналд Трамп (рост) ва Владимир Путин (чап)

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои дидору гуфтугӯ бо президенти Амрико Доналд Трамп роҳии аёлати Аляска шудааст. Ҳадафи мулоқот ҳалли эҳтимолии ҷанги Русия ба зидди Украина дар бештар аз се соли охир аст.

Ин мулоқот бе намояндагони Украина рӯзи 15-уми август дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар наздики Анкориҷ баргузор хоҳад шуд.

Раҳбарони аврупоӣ низ аз ширкат дар мулоқот бебаҳра мондаанд. Онҳо аз созиши эҳтимолӣ, ки мумкин аст Украинаро дар ҳолати заифтар бигузорад ва ё тавоноии Аврупоро барои пуштибонӣ аз Украина ва муқобила бо таҳдидҳои Русия халалдор бикунад, асабӣ ҳастанд.

Мулоқоти Трамп ва Путин дар хоки Иёлоти Муттаҳида, бавижа дар қаламраве, ки пештар зери назорати Русия буд, барои русҳо рамзӣ ва пирӯзии кӯчак ба шумор меравад.

Дар айни замон барои бисёриҳо музокироти мустақими Маскаву Вашингтон бе ҳузури Украина нишасти соли 1945 дар Ялтаро ба ёд меорад. Ҷое, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё Аврупои пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро тақсим карданд.