Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, "дар дохили муассисаи таълимӣ хариду фурӯши либоси мактабӣ қатъиян манъ аст".
Изҳороти вазорат дар ҳоле нашр мешавад, ки шикояти волидайн аз маҷбур карданашон ба харидии либоси мактабӣ аз ҷойи муайян зиёд шудааст.
Дар баёнияи вазорат омадааст, ин ниҳод танҳо либосҳои тавсияшударо ба хонандагон пешниҳод карда, "дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад".
Намояндагони Вазорати маориф гуфтаанд, шаҳрвандон ҳақ доранд аз ҳар ҷойе хоҳанд барои фарзандонашон либоси мактабӣ бихаранд. Эълони вазорат дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзҳои ахир шикояти волидайн аз хариди либоси мактабӣ аз ширкатҳои алоҳида зиёд садо медиҳад.
Аз ҷумла, чанд сокини шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки муаллимон аз онҳо талаб кардаанд, ки барои фарзандонашон фақат аз як ширкати муайян либос харанд.
Дар санадҳое, ки волидайн ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки барои ҳар хонанда бояд аз ширкати "Азиза Чоркӯҳ" либос харида ва санадшро бо мӯҳр ба мактаб пешниҳод кунанд.
Назари намояндагони ин ширкат ва мақомоти шаҳри Исфара маълум нест.
Мавзӯи фурӯши либоси хонандагон дар мактабҳо ва маҷбур кардани волидайн ба хариди либоси муайян чанд сол аст, ки садо медиҳад.
Мақомот дар гузашта гуфтанд, бо ҳадафи рушди саноат тавсия медиҳанд, ки сокинон барои фарзандонашон аз ширкатҳои ватанӣ либос харанд.
Вале мардум борҳо шикоят карданд, ки сифати либосҳои дӯхтаи ширкатҳои Тоҷикистон қонеъкунанда нест.