Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як марду зани нобино дар шаҳри Кӯлоб аз мақомот талаб доранд, ки писарашонро аз хидмати ҳарбӣ баргардонанд, чун ягона парастори онҳост.
Сокинони деҳае дар ноҳияи Восеъ, ки мушкили бебарқиро бо пули худ ҳал карданд, чанд рӯз мешавад, ки аз нирӯи барқ бенасиб мондаанд. Мардуми деҳаи Саричашма худашон зеристгоҳи тақсими барқ харидаанд, вале дигар барои кашидани хатҳои барқ ба деҳа маблағ надоранд ва муҳтоҷи кумаки ҳукумат ҳастанд.
Дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Дарвоз, дар баландии кӯҳҳо ва маконе, ки дастрасӣ ба об сахту шояд номумкин буд, як сокини маҳаллӣ боғе бунёд кард. Дарахтони боғ, ки дар ҳудуди деҳаи Жак ҷойгир аст, ҳамин сол мева доданд ва боғбони онҳо умедвор аст, ки умри онҳо дарозу ҳосилашон фаровон мешавад.
Ҳазорҳо донишҷӯ, ки аз ноҳияҳо барои таҳсил ба шаҳри Кӯлоб меоянд, аз набудани хобгоҳ мушкил мекашанд. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, калонтарин донишгоҳи шаҳр, 10 ҳазор донишҷӯ дорад, аммо танҳо барои 500 нафар хобгоҳ пешниҳод кардааст.
Дар ноҳияи Восеъ як корхонаи хиштпазӣ ҳаст, ки дар он занону мардон якҷо заҳмат мекашанд ва музди муносибе ҳам мегиранд. Корхонаи “Ниагара-А” даҳҳо зани маҳаллиро ба кор ҷалб кардааст, то дар хона аз бекорӣ “хаста” нашаванду барои худу фарзандон рӯзӣ пайдо кунанд.
Кӣ гуфт, ки хиштрезӣ кори мардон аст? Дар як корхонае дар Восеъ занон баробари мардон хишт мекашонанду корҳои дигари вазнинро иҷро мекунанд. Занони хиштрез мегӯянд, барои таъмини рӯзгору кӯдакон маҷбур буданд, аз ин роҳ зиндагиро пеш мебаранд.
Хонаводаи як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия ва дар шароити баҳсбарангезе ба ҳалокат расидааст, як ҳафта боз тобути ӯро интизоранд. Сайфиддин Махдумови 36-сола, ки дар гузашта дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таксӣ меронду дар мактаб дарс медод, ҳафт моҳ пеш дар ҷустуҷӯи кору маоши муносиб ба Русия рафт.
Хонаводаи як муҳоҷири тоҷике, ки дар Русия ба ҳалокат расид, як ҳафта боз чашм ба роҳи ҷасади ӯ ашк мерезанд. Муҳоҷири 36-солаи тоҷик чанд моҳ пеш барои таъмини 4 фарзанд ба Русия рафта буд. Ҳоло барои пайвандон ҷасади сардашро меоранд.
Дар ҳоле, ки дар гузашта масъулини ширкати «Барқи тоҷик» борҳо сокинону корхонаҳоро барои қарздорӣ аз барқ танқид карда буданд, дар ноҳияи Фархор асосан идораҳои муҳими давлатӣ пули истифодаи барқро насупоридаанд. Вале айни замон бо барқ таъминанд.
Дар ҳоле ки масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” дар гузашта сокинонро барои саривақт насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид карда буданд, дар ноҳияи Фархор идораҳои давлатӣ, аз ҷумла бинои ҳукумат, қарздор мондааст. Ин вазъ сокинони одиро, ки барои қарздорӣ барқашон хомӯш мешавад, дар ҳайрат гузошта.
Нодирхон Ҳусейнови 83-сола дар ноҳияи Дарвоз гоҳе кӯчаҳои Ҳавана, пойтахти Кубаро ёд мекунад ва ҳам рӯзҳоеро, ки ҷаҳон дар рӯбарӯи нобудии атомӣ қарор дошт.
Нодирхон Ҳусейнови 83-сола дар деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз гоҳе кӯчаҳои Ҳавана, пойтахти Кубаро ёд мекунад ва ҳам рӯзҳоеро, ки ҷаҳон дар рӯбарӯи нобудии атомӣ қарор дошт.
Дар ноҳияи дурдасти Дарвози Тоҷикистон марде зиндагӣ мекунад, ки 60 сол пеш шоҳиди як ҳодисаи пурихтилофи сиёсати ҷаҳонӣ буд. Соли 1962 ҷаҳон шоҳиди буҳрони Карhиб, ё буҳрони мушакии Куба буд. Нигаронии асосӣ ин буд, ки буҳрон метавонист ба як ҷанги атомӣ мубаддал шавад.
Гулнозаи Қурбонхон ҳамагӣ панҷ сол пеш аз деҳаи Тӯданӣ ба маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кӯчид, аммо зуд дар байни мардум ва бахусус занон шинохта шуд. Онҳо субҳи барвақт ва ё нимашаб барояш занг мезананд ва ӯ ба кумакашон мешитобад. Ӯ таксӣ меронад.
Қатъи барқ дар як корхонаи саноатии Кӯлоб боиси садҳо ҳазор сомонӣ зиён дидани соҳибкори маҳаллӣ ва бекор мондани даҳҳо нафар шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб марказе сохтанд, ки аз тариқи он, ба воситаи қатораҳои боркаш, молу маҳсулотро то Туркия интиқол медиҳанд.
Фарзонаи Алихон, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки маъюб асту барои наварӯсон либос медӯзад, барояшон орзуи хушбахтии доимӣ мекунад.
Боз тирамоҳ ва боз шикоятҳои пайиҳам аз набудани нерӯи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон. Мардум гила доранд, ки мақомот пули истифодаи барқро саривақт мегиранд, вале бе ягон огоҳӣ онҳоро рӯзонаву шабона аз гармиву рӯшноӣ маҳрум мекунанд.
Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, як ҷавон ба ӯ бо "элеткрошокер" ҳамла кард, вале ангезааш маълум нест. Маъмурони милиса ҳодисаро тасдиқ карда, дар айни ҳол гуфтанд, ки ҳамлавар бемори рӯҳист.
Яке аз мактабҳо дар маркази шаҳри Кӯлоб нерӯи барқ надорад ва муаллимону хонандагон намедонанд, кай дабиристони онҳо бо неруи барқ таъмин мешаваду дарси дуруст мехонанд.
Ёфтҳои бештар