Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар ноҳияи Восеъ бахше аз қалъаи бостонии Ҳулбукро ёфтаанд, ки замони шӯравӣ онро бераҳмона вайрон карда будаанд.
Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мактабе ҳаст, ки ба қавли сокинон "ҳоли зор" дорад ва қисмате аз он ба мисли мактаби куҳнаест, ки Садриддин Айнӣ тасвир кардааст.
Дар ноҳияи Муъминобод, мактабе ҳаст, ки як ҳоли зор дорад ва қисмате аз он мисли мактаби куҳнаест, ки устод Садриддин Айнӣ тасвир кардааст. Дар ин мактаб, садҳо нафар дарс мехонанд ва дар паси ду миз ба гуфтаи хонандагон гоҳо 13 нафар ҳам менишинанд.
Падари як ҷавон дар Фархор моҳе боз талош дорад, ки кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва раҳбари як ҷамоатро барои “облава” ё ба зӯр бурдани писари бемораш ба артиш ба ҷавобгарӣ бикашад.
Як сокини ноҳияи Фархор иддао дорад, ки писари бемори ӯро аз роҳи сарбозшикор ба артиш бурдаанд. Ба гуфтаи падар натиҷа ин аст ки фарзандаш баъди чанд рӯзи хидмат ҳоло дар шифохонаи ҳарбӣ бистарӣ мебошад.
Даҳҳо хонавода дар шаҳри Кӯлоб солеро, ки мегузарад, соли душвор меноманд. Теъдоде аз онҳо, ки бар асари сели 7 моҳ пеш бехона мондаанд, мегӯянд, то ҳанӯз зери хайма ба сар мебаранд ва аз ёриҳои ваъдагӣ ҳам бархурдор нашудаанд.
Даҳҳо хонавода дар шаҳри Кӯлоб солеро, ки мегузарад, соли душвор меноманд. Теъдоде аз онҳо бар асари сели 7 моҳ пеш бехона мондаанд. Мақомот мегӯянд, ба зарардидаҳо ёрӣ доданд. Сокинон мегӯянд, то ҳанӯз зери хайма ба сар мебаранд ва аз ёриҳои ваъдагӣ бархурдор нашуданд.
11 корвони мошин бо ангишт вориди шаҳри Кӯлоб шуд.
Сокинони деҳаи Дарнайчии ноҳияи Восеъ аз сохтумони хатти обгузар, ки боиси хароб шудани роҳҳо шудааст, эътироз доранд.
Як муҳоҷири кории тоҷик мегӯяд, аз пули дар ғурбат касб намудааш дар ватан хона сохта, оиладор шудааст.
Бонки Марказии Русия гуфт, ки зодагони Тоҷикистон дар семоҳаи ахири имсол ба кишвар 534 миллион доллар фиристодаанд.
Як устои созҳои мусиқӣ дар Кӯлоб даф ё доирае сохтааст, ки ба гуфтааш, бузургтарин дар Тоҷикистон аст.
Бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо харҷи шаш милион сомонӣ бозсозӣ шудааст.
Як зани сокини Кӯлоб, ки бо чор фарзандаш зиндагии сахтеро пушти сар мекунад, ҳамрӯза суроғи маросимҳои хурсандии сокинон мегардад.
Додгоҳи Фархор пас аз 15 соли баҳси хоҳару бародар сари як манзили зист онро ба фоидаи бародар ҳал кард ва зан бо 21 фарзанду наберагонаш дар кӯча мондааст.
Дар ноҳияи Фархор додгоҳ баҳси деринаи бародару хоҳар барои як хонаро ба фоидаи писар ҳал кард ва амр дод, ки оила хоҳар хонаро холӣ кунад. Ҳоло дар фасли зимистон 21 узви як хонавода дар кӯча мондаанд.
Як табиб аз ноҳияи Восеъ иддао дорад, ки ӯро ноҳақ барои “аз худ кардани маблағи давлат ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” ҷазо додаанд.
Барканории мудири як дармонгоҳ дар ноҳияи Восеъ баҳси зиёдро ба миён овардааст. Мақомот Мустафо Раҷабовро ба азхудкунии маблағ давлат айбдор карда, ӯро аз кор озод карданд. Аммо Раҷабов мегӯяд, ӯ бегуноҳ ва қурбони амалҳои роҳбараш шудааст.
Абутолиб Сафарови 40-сола шаш сол боз бо як по трактор меронад. Пойи дигарашро дар ҷавонӣ маъюб кард ва онро буриданд. Вай мегӯяд, як пойи сунъӣ дорад, вале танҳо барои роҳ рафтан ба ӯ кумак мекунад. Биноан, танҳо бо як пойи солимаш трактор меронад.
Дар зодгоҳи Кароматулло - шаҳри Кӯлоб маросими ёдбуди ин ситораи ҳунар бо ҳузури фарзандони овозхонаш барпо шуд, ки бо таронаву оҳангҳояш дар мусиқии эстрадаи миллии солҳои 1980-ум рангу ҷилои тоза бахшидааст.
Ёфтҳои бештар