Эътирофи Қрим, ақибнишинӣ аз Донбас... Шартҳои Путин барои поёни ҷанг дар Украина

Владимир Путин ва Доналд Трамп ба суолҳои хабарнигорон дар Аляска посух надоданд

Президенти Русия Владимир Путин дар дидори ахираш бо Доналд Трамп чанд шартеро барои поён додан ба ҷанг дар Украина матраҳ кардааст. Ба гузориши хабаргузории "Ройтерс", эътирофи нимҷазираи Қрим ҳамчун қаламрави Русия яке аз шартҳои Путин барои поёни ҷанг будааст.

Феълан маълум нест, ки талаби Путин дар бораи эътирофи Қрим ҳамчун хоки Русия танҳо аз сӯи Амрико бояд анҷом шавад ё тамоми кишварҳои ғарбӣ.

Артиши Русия соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол карда, онро ҳудуди худ медонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ онро қаламрави Украина меҳисобанд.

Ба гуфтаи манобеи "Ройтерс", Путин ҳамчунин мехоҳад ҳадди ақал як бахши таҳримҳо алайҳи Русия бекор шаванд.

Бар асоси созиши пешниҳодкардаи Путин, Украина бояд неруҳои худро пурра аз вилоятҳои Донетск ва Луҳанск хориҷ кунад ва дар иваз Русия ҷангро дар вилоятҳои Херсон ва Запороже қатъ мекунад. Мақомоти Украина ҳамагуна пешниҳод дар бораи ақибнишинӣ аз заминҳои худ, аз ҷумла аз вилояти Донетскро рад кардаанд.

Гуфта мешавад, ки Русия омода аст минтақаҳои нисбатан хурди ишғолкардаашро дар шимоли вилояти Сумӣ ва шимолу шарқи вилояти Харков баргардонад.

Ба ҳисоби лоиҳаи DeepState, ки "Ройтерс" ҳам ба он истинод кардааст, артиши Русия қариб 440 километри мураббаъро дар вилоятҳои Сумӣ ва Харков ғасб кардааст. Дар айни ҳол Украина наздики 6600 километри мураббаъро дар минтақаи Донбасс зери назорат дорад.

Манобеи "Ройтерс" гуфтаанд, Русия талаб кардааст, ки дар Украина ё дар минтақаҳои алоҳидаи он ба забони русӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Додани фаъолияти озод ба калисои православи русӣ дар Украина низ аз талабҳои дигари Маскав будааст.

Рӯзи 15-уми август Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар Аляска вохӯрда, наздик ба се соат гуфтугӯ карданд. Аммо дар ин вохӯрӣ ҳеч созише барои поён додан ба ҷанги Украина ҳосил нашуд.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо раисҷумҳури Русия гуфт, "пешрафти олӣ" ба даст омад, аммо "комилан ба натиҷа нарасидаем" ва ҳеҷ созише барои поён додан ба ҷанги Кремл алайҳи Украина ба даст наомадааст.

Президентҳои ду кишвар тақрибан ҳеҷ ҷузъиёте дар бораи бораи ончӣ дақиқан мавриди созиш қарор гирифт ё мавриди ихтилоф будааст, ироа накардаанд.

Қарор аст Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи душанбеи 18-уми август барои дидор ва гуфтугӯ бо Доналд Трамп ба Вашингтон сафар кунад.