Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз музокироти Трамп ва Путин дар Аляска, Зеленский ба Вашингтон меравад


Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина эълон кард, ки рӯзи душанбеи 18 август бо даъвати Доналд Трамп, президенти Амрико, барои дидор ва гуфтугӯ бо ӯ ба Вашингтон сафар мекунад.

Ин дидор пас аз нишасти Трамп бо Владимир Путин дар Аляска сурат мегирад. Нишасте, ки бе ҳеҷ созиш барои хатми ҷанги Украина, ба поён расид.

Зеленский рӯзи 16 август эълон кард, ки пас аз дидори Трамп ва Путин, бо раисҷумҳури Амрико гуфтугӯи тӯлонӣ доштааст. Ӯ бо қадрдонӣ аз даъвати Трамп барои мулоқоти ҳузурӣ дар Вашингтон дар рӯзи душанбе, афзуд, дар ин дидор "ҳама ҷузъияти вобаста ба поён додан ба куштор ва ҷанг", баррасӣ хоҳад шуд.

Ӯ ҳамзамон бори дигар бар аҳамияти нақши Аврупо дар бӯҳрони Украина таъкид кард ва гуфт, "муҳим аст, ки аврупоиҳо дар ҳама марҳилаҳо шарик бошанд, то ҳамроҳ бо Амрико замонатҳои амниятии қобили эътимод фароҳам шавад". Ӯ афзуд, дар ин замина "нишонаҳое мусбате" аз ҷониби Амрико дарёфт кардааст.

Зеленский тавзеҳ дод, ки ибтидо ба таври хусусӣ бо Трамп сӯҳбат кардааст ва сипас бо дигар раҳбарони аврупоӣ дар тамос будааст. Гуфтугӯҳое, ки дар маҷмӯъ якуним соат давом кардааст.

Нишасти Трамп ва Путин дар Аляска бо истиқболи расмӣ аз раҳбарӣ Кремл оғоз шуд, аммо бе ягон пешрафти муайян поён ёфт. Путин аз як "тафоҳум" бо Трамп сухан гуфт ва ба Аврупо ҳушдор дод, ки пешрафи ибтидоиро "халалдор" накунанд.

Трамп гуфт, "мавзӯъҳои бисёр зиёде буд, ки бар сари онҳо созиш кардем. Метавонам бигӯям, чанд мавзӯи муҳим ҳам вуҷуд дошт, ки ҳанӯз ба натиҷа нарасидем, аммо пешрафтҳое ҳосил шудааст. Бинобар ин, ҳеҷ созиш вуҷуд надорад, то замоне, ки тавофуқе ба даст ояд".

Трамп пеш аз тарки Аляска дар мусоҳиба бо шабакаи Fox News низ таъкид кард, ки идомаи роҳ мумкин аст бар дӯши Зеленский бошад, "то корро ба анҷом бирасонад", аммо афзуд, кишварҳо аврупоӣ ҳам бояд нақш ифо кунанд.

Трамп дар парвози бозгашт ба Вашингтон бо хабарнигорон сӯҳбат накард, аммо сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ӯ пас аз тамоси тӯлонӣ бо Зеленский, бо раҳбарони НАТО низ тамоси телефонӣ доштааст.

Раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбе таҳдид карда буд, ки дар сурати коршикании раисҷумҳури Русия дар роҳи барқарории сулҳ дар Украина, "оқибатҳои сахте" дар интизори Маскав хоҳад буд.

Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки дидораш бо Путин дар Аляска метавонад ба суръат бо нишасте дигар ва бо ҳузури раисҷумҳури Украина идома ёбад. Трамп пештар ин ҳушдорро ҳам дода буд, ки дар сурати бенатиҷа будани гуфтугӯ дар Аляска, эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Маскав вуҷуд дорад.

Бар асоси эълони Комиссияи Аврупо, Трамп бо Зеленский, ҳамчунин, садри аъзами Олмон, президентҳои Фаронса, Финландия, Лаҳистон, нахусвазирони Бритония, Итолия, Ҳоланд ва низ раиси Комиссияи Аврупо ва дабири кулли НАТО, гуфтугӯ кардааст. Ҷузъиёти ин гуфтугӯҳои телефонӣ нашр нашудааст.

Раҳбарони аврупоӣ, ки мисли Зеленский дар нишасти Аляска ҳузур надоштанд, ҳанӯз вокунише дар ин замина ба таври умумӣ иброз накардаанд.

Ҳамзамон, Юрий Ушаков, мушовири сиёсати хориҷии Путин рӯзи шанбе дар телевизиони давлатии Русия гуфт, баҳсе дар бораи нишасти сеҷонибаи эҳтимолӣ миёни Трамп, Путин ва Зеленский дар гуфтугӯҳои Амрико ва Русия, матраҳ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта ҳамлаҳои Русия ба Украина идома ёфтанд. Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 16 август эълон карданд, ки Русия 85 паҳбод ва як мушаки баллистикиро ба тарафи ин кишвар партоб кардааст. Манбаъ афзуд, ки системаи зиддиҳавоии Украина 61 паҳбодро раҳгирӣ ва аз байн бурданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG