Зеленский кафолатҳои амниятӣ мехоҳад. Трамп пеш аз мулоқот чӣ гуфт?

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 18-уми август бо президенти Амрико Доналд Трамп дар Кохи Сафед дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Раҳбарони Аврупо низ дар Вашингтон мешаванд.

“Зеленский, агар бихоҳад, метавонад ҷангро бо Русия дарҳол поён бахшад ё метавонад ба ҷангидан идома диҳад,” -- гуфт Трамп рӯзи 17-уми август дар шабакаи Truth Social. Вай дар ин нигоштааш бори дигар такрор кард, ки дар ҳама гуна созиши сулҳ Украина бояд баъзе аз минтақаҳоро ба Русия вогузор кунад. Чизе, ки Киев ва ҳампаймонҳои аврупоияш пайваста рад мекунанд.

Трамп бо ишора ба ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз тарафи Русия дар соли 2014 ва дар замони раёсати Барак Обама, президенти пешини Амрико, гуфт, “Қрими додашуда (12 сол пеш, бе тирпаронӣ!) баргардонда намешавад ва Украина ҳам ба НАТО нахоҳад пайваст.”

Доналд Трамп

Владимир Зеленский дар изҳороте аз Трамп барои даъват сипосгузорӣ кард ва гуфт, “ҳамаи мо мехоҳем, ки ҷангро зудтар поён бидиҳем. Умед дорам, ки нерӯи муштараки мо бо Амрико, бо дӯстони аврупоии мо Русияро ба сулҳи воқеӣ водор мекунад.”

Мавзӯи муҳимтарини суҳбати раисҷумҳури Украина бо Трамп ин аст, ки замонатҳои амниятиро барои пешгирӣ аз ҳуҷумҳои бештари Русия ба даст биорад. Мақомҳои амрикоӣ пас аз муддатҳо эҳтимоли чунин замонатҳоро имконпазир медонанд.

Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Амрико, рӯзи 17-уми август гуфт, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар нишасти Аляска розӣ шудааст, ки Амрико ва ҳампаймонҳои аврупоӣ тазминҳои амниятиеро ба мисли банди 5-уми оинномаи НАТО барои Украина пешниҳод кунанд.

Тибқи банди панҷуми оинномаи НАТО, ҳамлаи низомӣ ба ҳар як узви ин созмон, ҳамла ба ҳамаи аъзо ба шумор меравад.

Владимир Зеленский, ки қаблан умеди худро ба пайвастан ба НАТО ва дарёфти замонатҳои воқеии амниятӣ аз Вашингтон ва ҳампаймонҳои аврупоӣ изҳор карда буд, гуфтааст, дар ин мавзуъ бо Трамп суҳбат хоҳад кард. Ӯ афзудааст, “мо ба амнияте ниёз дорем, ки дар амал ба андозаи моддаи панҷуми оинномаи НАТО муассир бошад.”

Дидори раҳбарони Украина ва Амрико дар Кохи Сафед пас аз он сурат мегирад, ки Трамп рӯзи 15-уми август дар Аляска бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард.

Ин нишаст дар ҳоле ки ҳосили андаке дошт, нигарониҳои Киев ва муттаҳидонашро дар бораи он чи мунтақидон омодагии Трамп ба пазируфтани мавқеъҳои Путин дар мавриди поёни ҷанг медонанд, ба миён овард.

Нигаронии асосии Украина ва ҳампаймонҳояш ин аст, ки Трамп гуфт, Киев бояд ба унвони бахше аз табдили замин манотиқеро ба Русия бидиҳад. Ҳамчунин изҳороти Трамп дар бораи даст кашидан аз даъват ба оташбас, ки дар гузашта талаби Вашингтон, Киев ва муттаҳидони аврупоияш буд, нигарониҳоро афзудааст.

Ӯ ба ҷойи ин гуфт, ду тараф бояд дар бораи сулҳи комил музокира кунанд, тавофуқе, ки вақт металабад. Мунаққидон мегӯянд, Русия мехоҳад вақт ба даст биоварад, то дар майдони ҷанг дар баробари мудофеони украинӣ дастовардҳои бештаре касб кунад.