Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ду соли пеш дар ҳамин шабу рӯз дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё омад. Волидайни тифлон мегӯянд,бо бузург шудани кӯдакон ташвиши онҳо камтар нашудааст ва парасторияшон бо мушкил даст медиҳад.
Додситонии Кӯлоб ба таҳқиқи марги як сарбозе аз ноҳияи Восеъ оғоз кардааст, ки фақат ду моҳ пеш барои хидмат ба артиш рафта буд. Лутфуллои Давлаҳмад 26-сола, ки ва як дар қисми марзбонӣ дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, субҳи 7-уми январ даргузаштааст.
Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъди 15 соли фаъолият бо айби фармоишгарон, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ маҷбур аст, корхонаашро барҳам бидиҳад. Ӯ иддао дорад, ки ҳукумати маҳаллӣ аз ӯ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Идораи молияи шаҳр рад мекунад.
Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъд аз 15 соли фаъолият бо айби фармоишгарон, аз ҷумла идораҳои давлатӣ, маҷбур аст, корхонаи сафолсозияшро барҳам бидиҳад. Исмоил Идрисов иддао дорад, ки ҳукумати маҳаллӣ аз ӯ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор аст. Идораи молияи шаҳр рад мекунад.
Дар Хатлон мавсими нави бузкашӣ бо пирӯзии човандоз аз Узбекистон оғоз ёфт. Аввалин сабқати бузкашӣ дар соли равон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор шуд.
Ҳақназар Ғоиб, шоири шинохтаи тоҷик 80-сола шуд. Ӯ дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ягона фарзанд дар хонаҷодаи падар шеърнависиро аз замони наврасӣ оғоз кардааст.
Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб, ки ҳамвора маъмурони интизомӣ, аз ҷумла додситонҳоро барои тафтиши ноҷо ва фишори зиёд танқид мекард, ба бастани дӯконаш водор шудааст. Намояндаи Додситонӣ соҳибкорро ба фурӯхтани маҳсулоти муҳлаташ гузашта муттаҳам кард.
Кори хонум Гавҳарбӣ Пиракова ҳар субҳ аз нигоҳубини дарахти банан оғоз мешавад.
Як зани 80-сола дар ноҳияи Восеъ чанд сол боз талоши парвариши дарахти бананро дорад. Заҳмати ӯ бенатиҷа набудааст. Ҳосили аввалин дарахтро ӯ дид. Пиразани заҳматкаши тоҷик тоҷик мехоҳад, нишон диҳад, ки ин меваи тропикиро мешавад дар Тоҷикистон ҳам парвариш кард.
Дар қасри Ҳулбук дар шаҳри Кӯлоб бостоншиносон ҳангоми ҳафриёт шабакаи обрасониро пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо эҳтимол ба ҳайси шабакаи гармидиҳӣ хидмат мекард.
Ду хоҳар дар шаҳри Кӯлоб, бар хилофи хостаи атрофиён, қолабшиканӣ карда, ба муштзанӣ рӯ овардаанд.
Як ҷавони 27-сола дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пас аз панҷ соли таҳсил дар Душанбе ба зодгоҳаш баргашт ва ба табобати ҳайвоноти бемор машғул аст. Барои Сомон Сайфиддинов касби байторӣ дар ин ноҳия обрӯ овардааст ва ҳоло даҳҳо нафар наздаш корафтода мешаванд.
Дар шаҳри Кӯлоб сокинони маҳаллаи наздики рӯдхонаи Девонасой аз сифати соҳилбандӣ розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо, сели ахир сифати пасти корро нишон дод, ки он ҳам нотамом мондааст. Ҳоло мардум метарсанд, ки мабодо баҳор сели бузургтар биёяду мисли солҳои пеш хонаҳояшонро вайрон кунад.
Як сокини ноҳияи Восеъ солҳо боз саг парвариш мекунад ва ба сагонаш фармонбардориро таълим медиҳад.
Дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ Назар Шарбатовро бо сагони парваридааш мешиносанд, ки ба инсонҳо дар корҳои муҳиме кумак расондааст. Чӣ кумак? Дар ин видео худатон бубинед.
Расидан ба мактаб ва бозгашт ба хона барои наврасони як маҳалла дар шаҳри Кӯлоб қариб баробар ба қаҳрамонӣ аст. Онҳо ҳар рӯз як роҳи пурхатарро, ки мошинҳои борбар тариқи он ба Бадахшон мераванд, убур мекунанд, то хатту савод омӯзанд.
Сокинони як деҳаи дурдаст дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, барои тамос бо наздикони роҳдурашон ба теппаву кӯҳҳо мебароянд. Д
Султонбибӣ Миргулова, як сокини ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлобро афроди дуру наздик чун як бонуи китобхон мешиносанд.
Бо вуҷуди пиронсолӣ, муҳаббати як зани 90-солаи тоҷик ба китоб пир нашудааст. Мутолиаи китоб барои момаи Султонбибӣ Миргулова то ҳанӯз як одат аст. Одати хубе, ки ҳоло бисёре аз мардуми Тоҷикистон надоранд. Бе айнак, аммо як китобро метавонад ба такрор бихонад.
Дар ноҳияи Панҷ ахиран ду ҷавоне бо ҳам издивоҷ кардаанд, ки дорои имконият маҳдуд ва соҳиби ҳунаранд. Зиндагии онҳо баъди як гузориши Радиои Озодӣ ба ҳам пайваст.
Ёфтҳои бештар