Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Бархе сокинони Кӯлоб шикоят доранд, ки кормандони пулиси маҳаллӣ ҳолатҳои дуздиро ҷиддӣ намегиранд ва гумонбарони даст доштан дар дуздиҳоро бозпурсӣ намекунанд.
Сокини ноҳияи Балҷувон, ки пайвандонаш мегуфтанд, барои баҳс бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, бар сари як порча замин боздошт шудаааст, пас аз 15 рӯз аз боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилӣ раҳо шуд.
Сайлигул Раззоқова шаш моҳ пеш ба ҳайси котиби ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг кор мекард. Моҳи октябри соли гузашта вакилони маҳаллӣ ҷаласае баргузор карда, гуфтаанд, ӯ бо мардум муомилаи хуб надорад ва барои ҳамин лоиқи кор дар ҷамоат нест.
Баъди бардоштани маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус, аз ҷумла иҷоза додан барои баргузории ҷашну тӯйҳо дар Кӯлоб маросими издивоҷи 30 ҷуфтро барпо карданд. Ҷашни арӯсии даҳҳо ҷуфт аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва таҷлили хатнасури садҳо кӯдак дар базмгоҳи наврӯзии Кӯлоб баргузор шуд.
Дар Кӯлоб маросими издивоҷи расмии 35 ҷуфтро дар базмгоҳи наврӯзӣ баргузор карданд.
Ҳамагӣ панҷ моҳ пеш дар ноҳияи Муъминобод пояи парчами миллиро сохтанд ва бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд. Ҳоло бахшҳое аз ин макон вайрон шуда, заминаш «нишастааст».
Бино ба хабари дарёфтӣ, рӯзҳои охир ҷасади дастикам 4 зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро дошта, дар ҷанги Украина кушта шуданд, ба ватан овардаанд. Баъзе аз онҳо аз вилояти Хатлон ва бархе аз вилояти Суғд ҳастанд.
Рӯзҳои охир ҷасади дастикам 4 зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро дошта, дар ҷанги Украина кушта шуданд, ба ватан овардаанд. Баъзе аз онҳо аз Хатлон ва бархе аз Суғд ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистону Русия ба таври расмӣ иттилоъ намедиҳанд. Пайвандон аз додани тафсилот худдорӣ меварзанд.
Бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон дар пайи шикояти чанде аз сокинони Балҷувон аз мансаб ронда шудааст. Ҳасан Иброҳимзода, бародари Азим Иброҳим, дастикам то моҳи декабри соли 2021 муовини раиси ноҳия дар масъалаи сохтмону замин буд.
Валӣ Зарифи 80-сола, эҳёгар ва раҳбари анҷумани “Чакан” дар минтақаи Кӯлоб, то замоне ки саломатияш хуб буд, ҳар сол дар Рӯзи Модар ба 9 нафар, ҳамсар ва 8 духтараш, ҳадя мегирифт. Ӯ мегӯяд, аз онҳо ифтихор дорад, вале имсол туҳфа харида натавонист.
Раҳмоналӣ Тоҳиров, сокини 65-солаи ҷамоати Дашти Ҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи пешин, ба сохтмон ва бозсозии роҳи 12 километрие оғоз кардааст, ки ҳаракати сокинонро ба маркази ноҳия осон мекунад.
Арзиши як халта амофоска, карбамид, селитра ва нистраамофоска аз 300 сомонии соли гузашта то 500 сомонӣ боло рафт. Кишоварзон аз манотиқи гуногуни кишвар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ин сабаб кишти имсола дар нимароҳ мондааст.
Дар Тоҷикистон нархи нуриҳои минералӣ бисёр боло рафтааст. Ҳоло деҳқонон метарсанд, ки имсол ҳосили зироаташон кам мешаваду ҳама чиз гарон.
Мақомот дар Данғара мегӯянд, барои ба кор андохтани яке аз полоишгоҳҳои азими нафт ва истеҳсоли маводи сӯхт бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд ва мумкин аст, дар ояндаи наздик дар дохили Тоҷикистон бензин истеҳсол шавад.
Мушкил дар як мактаби кӯҳнаи ноҳияи Муъминобод, ки Радиои Озодӣ аз ҳоли ногувораш гузориш дода буд, дар ду рӯз ҳал шудааст. Акнун хонандагоне, ки дар синфхонаҳои хатарнок ва қариб бе мизу курсӣ таҳсил мекарданд, дар ҷойи амну беҳтар таҳсил доранд.
Дар нишасти хабарии Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон на ҳама журналистон имкони савол додан пайдо карданд.
Наздикони даҳҳо сарбоз дар Кӯлоб ба Додситонии ҳарбии минтақа шикоят кардаанд, ки фарзандонашонро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд. Намояндаи Додситонӣ гуфт, шикояти онҳоро ҷиддан тафтиш мекунанд.
“Vahdat Textile” логотипи ҷӯробест, ки бо дастони гурӯҳи занҳое дар Кӯлоб омода мешавад.
“Vahdat Textile” логотипи ҷӯробест, ки бо дастони ин занҳо дар Кӯлоб омода мешавад. Бонувони ин корхона то шаш моҳи пеш бовар надоштанд, ки дар Кӯлоб чунин корхона боз мешавад. Ҳоло вазифаи асосии занон дар корхона, назорати дастгоҳи ҷӯроббофӣ аст.
Ёфтҳои бештар