Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Зуҳури як имом пас аз ҳашт соли бенишонӣ

Зуҳури дубораи имоме, ки гумон мерафт дигар аз ӯ хабаре нахоҳад шуд, бегумон шигифтии бисёреро барангехт.

Нарасимҳа Рао, аз афсарони Кумисериёи олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон дар шаҳри Олмотии Қазоқистон дар гуфтугӯ бо родю Озодӣ ин хабарро таъйид кард, ки Имом Обидхон Қорӣ Назаров ва аъзои хонаводаи вай дар Урупои Ғарбӣ ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кардаанд. Оқои Рао ба мулоҳизоти амниятӣ ҳозир нашуд номи он кишварро ошкор кунад. Вай ҳамчунин иддаъои мақомоти Узбакистон мабнӣ бар ҳамдастии оқои Назаров дар аъмоли терруристӣ ва ифротгароёна дар Узбакистонро такзиб кард ва гуфт:

"Агар ҳақоиқе аз ҳамдастии оқои Назаров дар аъмоли терруристиву тундравона вуҷуд дошт ва ошкор мешуд, мо ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ қоил намешудем. Мо бар ин боварем, ки ӯ як паноҳанда аст ва ба ҳимояти байнулмилалӣ ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки ҳаққи паноҳандагӣ ба ӯ ва хонаводааш эъто шуд".

Имом Назаров дар авохири даҳаи 1980 дар миёни тӯдаҳои мусалмони Узбакистон маҳбубият ёфт; аз замоне ки дингустарӣ ё таблиғи мазҳабӣ дар ин ҷумҳурии Шӯравии пешин мумкин шуд. Дар авосити даҳаи 1990 ҳазорон нафар аз манотиқи мухталифи кишвар ба масҷиди Тухтабойи Тошканд меомаданд, то ба мавъиза ва хутбаҳои оқои Назаров гӯш диҳанд ва забти суханрониҳои ӯ дар саросари Осиёи Миёна ба фурӯш мерасид. Мақомоти Узбакистон, ки аз нуфузи нирӯҳои исломӣ бим доштанд ва талош мекарданд ин фарояндро таҳти кунтрул нигаҳ доранд, аз густариши доманаи маҳбубияти Имом Назаров асабонӣ шуда буданд.

Соли 1996 Кумитаи давлатии Узбакистон дар умури мазҳабӣ оқои Назаровро аз мақоми имомат барканор кард ва ӯ таҳти муроқибати маъмурони амниятӣ қарор гирифт. Вай соли 1997 барои муддате кӯтоҳ боздошт шуд. Ин боздошт эътирозоти густардаи мардумиро дар пай дошт.

Моҳи марти соли 1998 шуморе аз ҳаводорони Обидхон Қорӣ Назаров ба ӯ ҳушдор доданд, ки мақомот ба зудӣ ӯро дубора дастгир хоҳанд кард. Баъд аз он дигар аз оқои Назаров ному нишоне набуд.

Мақомоти узбак ӯро ба аъмоли терруристӣ ва ифротгароии мазҳабӣ, аз ҷумла ҳамдастӣ бо Ҷунбиши исломии Узбакистон муттаҳам карданд. Пас аз ҳамлаи Ҷунбиши исломии Узбакистон ба манотиқи ҷанубии Узбакистон ва Қирғизистон дар хилоли солҳои 1998 ва 1999 мақомоти Узбакистон ин ташаккули пайкорҷӯи родиколро "як созмони терруристӣ" унвон карданд. Ва дар авоили соли 2000 Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ Ҷунбиши исломии Узбакистонро шомили феҳрести созмонҳои терруристии ҷаҳон кард.

Аммо бисёре аз нозирони мустақил дар пайванди миёни Обидхон Қорӣ Назаров ва Ҷунбиши исломии Узбакистон тардид доштанд.

Ҷон МакЛойд, аз сардабирони аршади Муассисаи Гузориши Ҷанг ва Сулҳ мустақар дар Ландан, мегӯяд, ки Обидхон Назаров аз ҷумлаи қурбониёни саркӯби рӯҳониюни мустақил тавассути давлати Узбакистон буд. Оқои МакЛойд, ки Имом Назаровро тайи солҳои 1996 ва 97 шахсан мешинохт, мегӯяд:

"Имом Назаров дар воқеъ бахше аз марҳилаи ибтидоии таҳаввулоти Узбакистон буд. Бахше аз даврае, ки рӯҳониюни давлатӣ дар мухолифати комил бо имомҳо ва муллоҳои мустақилле чун Обидхон фаъолият мекарданд".

Барои муддате дароз аз маҳалли иқомати оқои Назаров хабаре набуд. Гаҳгоҳе шоеъоте пахш мешуд, ки вай тавассути маъмурони амниятии Узбакистон боздошт шуда, дар ҳоле ки ӯ ва хонаводааш дар Қазоқистони ҳамсоя зиндагӣ мекарданд.

Дар ин миён мақомот даҳҳо нафар аз афроди муттаҳам ба пайравӣ аз Имом Назаровро дастгир карданд. Дар натиҷа ду тан аз дастёрони Имом, се бародар ва ронандаи ӯ ба иттиҳоми ифротгароии мазҳабӣ равонаи зиндон шуданд. Ҳамсари Обидхон Назаров низ зиндонӣ шуд, аммо фишори ҷомеъаи байнулмилалӣ боъис шуд, ки пас аз муддате мақомот ӯро раҳо кунанд. Ҳусниддин - писари Имом Назаров моҳи маи соли 2004 дар Тошканд беному нишон шуд.

Шоеъоте ҳокӣ аз фирори Ҳусниддин ба Қазоқистон буд ва ин ки гӯё ӯро пулиси Қазоқистон боздошт карда ва ба хадамоти амниятии Узбакистон таҳвил додааст.

Нарасимҳа Рао, аз Кумисериёи олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, пас аз боздошт ва истирдоди шуморе аз паноҳҷӯёни узбак тавассути пулиси Қазоқистон моҳи ноябри соли гузашта оқои Назаров аз СММ дархости паноҳандагӣ кард.

Оқои Рао дар гуфтугӯ бо родю Озодӣ аз мақомоти Қазоқистон ба хотири ҳамкоришон бо бунёди паноҳандагони Созмони милал дар заминаи эътои ҳаққи паноҳандагӣ ба Обидхон Назаров ва хонаводаи ӯ тақдир кард. Ин дар ҳолест, ки қарор аст рӯзи 19 март Нурсултон Назарбоев - раисиҷумҳурии Қазоқистон барои як дидори расмӣ вориди Узбакистон шавад. Мусалламан, ҳамдастии мақомоти қазоқ бо Созмони милал ҷиҳати эътои ҳаққи паноҳандагӣ ба касе, ки давлати Узбакистон душмани худ медонад, ба беҳбуди равобити печидаи байни ин ду кишвар мусоъидат нахоҳад кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳамсари Трамп дар номааш ба Путин чӣ навишт?

Мелания Трамп
Мелания Трамп

Телевизиони Fox News номаи Мелания Трамп, ҳамсари раиси ҷумҳури Амрикоро ба Владимир Путин нашр кард. Ин мактубро Доналд Трамп дар Аляска ба Путин дод.

Гузориш шудааст, ки Владимир Путин номаро дар ҳузури ҳайатҳои Русия ва Амрико боз карда хондааст.

Мелания Трамп дар ин нома навиштааст, "дар ҷаҳони муосир баъзе аз кӯдакон маҷбур мешаванд, ки хандаҳои ороми худро дар даруни худ бибанданд - як эътирози хомӯш бар зидди қувваҳое, ки онҳоро аз ояндаашон маҳрум месозад."

"Ҷаноби Путин шумо танҳо метавонед дар танҳоӣ ин хандаи онҳоро баргардонед. Бо ҳифзи ин кӯдакон шумо на танҳо ба Русия, балки ба башарият хидмате хоҳед кард. Чунин чизе фаротар аз тамоми тавофуқҳои инсонӣ аст ва шумо ҷаноби Путин метавонед имрӯз бо як ҳаракати қалам онро ба воқеият табдил диҳед. Замони он фаро расидааст," – навиштааст бонуи аввали Амрико.

Исроил сокинони Ғаззаро ба ҷануби ин борика мекӯчонад

Биноҳои вайроншуда дар Ғазза
Биноҳои вайроншуда дар Ғазза

Исроил ба фаластиниёни сокини Ғазза дастур додааст, ки ба ҷануби ин борика кӯч банданд. Ин тасмим рӯзи шанбеи 16-уми август ва пас он эълон шуд, ки Исроил аз густариши амалиёти низомӣ дар Ғазза хабар дод.

Ба гузориши артиши Исроил, кӯчондани хаймаҳои сокинон ба ҷануби Ғазза аз рӯзи якшанбеи 17-уми август оғоз мешавад.

Ҷузъиёти бештаре аз ин тарҳ ва амалиёти Исроил мушаххас нест. Исроил Катс, вазири дифои Исроил гуфт, кишвараш "дар ҳоли ниҳоӣ кардани тарҳи шикасти "Ҳамос" дар Ғазза аст."

"Ҳамос", ки аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони гуруҳи террористӣ шинохта мешавад, наздик ба ду сол аст, ки дар Ғазза бо артиши Исроил даргир аст. Бо вуҷуди мухолифати Созмони милал ва бисёр кишварҳо ба густариши амалиёти Исроил ҳукумати ин кишвар тарҳи тасарруфи пурраи Навори Ғаззаро тасвиб кардааст.

Дар Тоҷикистон барои рафтан ба назди фолбин ҷазо таъйин мешавад

Як зане, ки ба фолбинӣ муттаҳам шуда буд
Як зане, ки ба фолбинӣ муттаҳам шуда буд

Ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кардааст, ки барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ва истифода аз кори онҳо ҷазо таъйин карда шавад. Радиои Озодӣ 17-уми август бо муҳтавои пешниҳоди ҳукумат шинос шуд.

Бар асоси ин санад, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди нав бо номи "истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин" илова карда мешавад.

Дар сурати қабул шудани ин тағйирот аз сӯи порлумон, онҳое, ки ба наздик сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин мераванд аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 75 сомонӣ таъйин шудааст ва ҳар сол метавонад тағйир ёбад.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.

Соли 2024 дар Тоҷикистон барои фолбинӣ ва соҳирӣ ҷазо таъйин шуда буд. Бино ба тағйирот ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.

Ҳамчунин, дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбат ба фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.

Тибқи иттилои ахири Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли равон "495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ" сабт шудааст. Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, имсол танҳо дар пойтахти кишвар 90 кас барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо гирифтанд.

Трамп ба Украина кафолати амниятӣ пешниҳод мекунад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Украина пешниҳод кардааст, ки дар сурати созиши сулҳ бо Русия аз рӯи банди 5-и асоснономаи НАТО ба Киев кафолати амниятӣ дода мешавад. Бар асоси ин банди асоснома, дар сурати ҳамла ба Украина кишварҳои кафолатдиҳанда ба таҷовузгар бояд посухи низомӣ диҳанд.

Хабари пешниҳоди кафолати амниятӣ ба Украинаро нашрияи The Telegraph ва чанд расонаи амрикоӣ нашр карданд. Ин маълумотро Ҷорҷ Мелонӣ, нахуствазири Италия ҳам баъди суҳбат бо Доналд Трамп тасдиқ кард.

Ба гузориши The Telegraph, Украина чунин кафолати амниятиро на танҳо аз Амрико, балки аз кишварҳои аврупоӣ низ дарёфт хоҳад кард. Гуфта мешавад Маскав ба ин пешниҳод зид нест.

Маҷаллаи Foreign Affairs ҳам гузориш додааст, ки соли 2022 ҳайатҳои Русия ва Украина масъалаи додани кафолати амниятӣ ба Киевро баррасӣ карда буданд. Бар асоси пешнависи тавофуқ, ба рӯйхати кишварҳои кафолатдиҳанда бояд Амрико, Русия, Британияи Кабир, Фаронса ва Чин шомил мешуданд. Украина хост Туркия ба ин рӯйхат илова шавад, аммо Маскав кишвари Белорусро пешниҳод кард,

Киев мегӯяд, Русия бо 85 паҳбод ба Украина ҳамла кардааст

Украина. Акс аз бойгонӣ.
Украина. Акс аз бойгонӣ.

Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 16 август эълон карданд, ки Русия 85 паҳбод ва як мушаки баллистикиро ба тарафи ин кишвар партоб кардааст.

Нерӯҳои ҳавоии Украина дар "Телеграм"-и худ эълон кард, ки хати пеши ҷанг дар минтақаҳои Суми, Донетск, Чернигов ва Днепропетровск дар ҳамлаҳои шабонаи ҳадаф қарор гирифтанд.

Манбаъ афзуд, ки системаи зиддиҳавоии Украина 61 паҳбодро раҳгирӣ ва аз байн бурданд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар гузориши рӯзонаи субҳгоҳии худ эълон кард, ки рӯзи ҷумъа дар хати пеши ҷанг 139 даргирӣ рух додааст.

Ҳамлаи Украина ба як киштии ҳомили паҳбодҳои эронӣ дар Астрахан

Бандари Оля дар Астрахан.
Бандари Оля дар Астрахан.

Артиши Украина мегӯяд, дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе дар бандари баҳрии Оля дар вилояти Астрахан, як киштиро, ки лавозимоти ҷангӣ ва ҷузъҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинро аз Эрон ба Русия интиқол медод, ҳадаф қарор дод.

Артиши Украина рӯзи 15 август дар баёнияе бо эълони ин хабар афзуд, Русия аз ин бандар ҳамчун як маркази боркашонии муҳим барои таъмини колоҳои низомӣ аз Эрон истифода мекунад.

Каналҳои телеграмии Украина аксҳоеро нашр карданд ва иддао доранд, ки ин киштии харобшуда аст. Дар аксҳо, дида мешавад, ки киштӣ қисман ғарқ шудааст.

Игор Бабушкин, ҳокими вилояти Астрахан ҳамлаи бесарнишинҳо ба бандари Оляро дар дарёи Волга тасдиқ кард. Ба гуфтаи вай, паҳбодҳо раҳгирӣ ва сарнагун шуданд, аммо дар бандар "киштӣ аз боқимондаҳои паҳбод осеб дид".

Вазорати дифои Русия дар мавриди ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Астрахан изҳори назар накардааст.

Наздик ба 200 тан дар селобҳои Покистон ҷон бохтанд

Мақомот дар Покистон эълон карданд, ки бар асари туғёни дарёҳо ва ҷорӣ шудани селоб, наздик ба 200 нафар дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бориши сахт, селҳои ногаҳонӣ, раъду барқ ва фурӯ рехтани хонаҳо, боиси маргу мир дар теппаҳо ва кӯҳҳои вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ шудааст.

Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Покистон дар соатҳои охири рӯзи ҷумъа шумори қурбониёнро 194 эълон кард.

Шаҳоб Алишоҳ, раиси вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки аз селобҳо аз ҳама бештар мардум дар минтақаи Бунер осеб диданд. Дар ин минтақа 100 кс ба ҳалокат расидааст.

Ба гузориши "Рейтерз" як чархболе, ки барои осебдидагон аз сел дар минтақаи Баҷаур кӯмак мебурд, бинобар обу ҳавои номусоид суқут кард ва панҷ сарнишини он ҷон бохтанд.

Мақомоти имдодрасон ва наҷот эълон карданд, ки дар минтақаи Свот, пас аз туғёни дарёҳо, беш аз 2 ҳазор нафар ба минтақаҳои амнтар интиқол дода шуданд.

Дафтари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон эълон кард, ки ӯ барои баррасии вазъ, нишасти изтирорӣ баргузор кардааст.

Дар ҳафтаҳои гузашта садҳо нафар дар ин кишвар дар пайи боронҳои мавсимӣ, ҷон бохтанд.

Талаби коршиносони СММ дар солрӯзи ба қудрат баргаштани “Толибон”

Ҷангҷӯёни "Толибон" дар қасри раёсатҷумҳурии Афғонистон. Кобул, 15-уми августи соли 2021
Ҷангҷӯёни "Толибон" дар қасри раёсатҷумҳурии Афғонистон. Кобул, 15-уми августи соли 2021

Рӯзи 15-уми август аз бозгашти гурӯҳи “Толибон” ба қудрат дар Афғонистон чаҳор сол гузашт.

Дар ин рӯз коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки “ҳукумати хушунатомез ва худкомаи “Толибон”-ро ба расмият напазиранд.

Онҳо афзудаанд, дар чаҳор соли ҳукуматдории “Толибон”, “афғонҳо, бавижа занону духтарон бо ҳамлаи пайваста ва рӯзафзун ба ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии худ рӯбарӯ будаанд".

“Толибон” бидуни доштани машрӯият як низоми табъизомезро ба роҳ мондаанд, ки метавон онро далели ҷиноят алайҳи башарият ва озору азияти ҷинсӣ номид,” – гуфта шудааст дар баёния.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз духтарони афғон, ки ба далели маҳдудиятҳои “Толибон” аз таҳсил маҳрум шудаанд, гуфтанд, сукут ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин гурӯҳ қудрати бештар медиҳад.

Яке аз онҳо, ки нахост номаш фош шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт: “Фикр мекунам, сукут ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки “Толибон” қудрати бештар ба даст оранд ва фишорро ба мардум афзоиш диҳанд. Пуштибонии байнулмилалӣ бояд воқеӣ, пайваста ва ҳамроҳ бо фишор бошад, то ислоҳ сурат бигирад.”

Путин дар Магадан, пеш аз сафар ба Аляска

Доналд Трамп (рост) ва Владимир Путин (чап)
Доналд Трамп (рост) ва Владимир Путин (чап)

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои дидору гуфтугӯ бо президенти Амрико Доналд Трамп роҳии аёлати Аляска шудааст. Ҳадафи мулоқот ҳалли эҳтимолии ҷанги Русия ба зидди Украина дар бештар аз се соли охир аст.

Ин мулоқот бе намояндагони Украина рӯзи 15-уми август дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар наздики Анкориҷ баргузор хоҳад шуд.

Раҳбарони аврупоӣ низ аз ширкат дар мулоқот бебаҳра мондаанд. Онҳо аз созиши эҳтимолӣ, ки мумкин аст Украинаро дар ҳолати заифтар бигузорад ва ё тавоноии Аврупоро барои пуштибонӣ аз Украина ва муқобила бо таҳдидҳои Русия халалдор бикунад, асабӣ ҳастанд.

Мулоқоти Трамп ва Путин дар хоки Иёлоти Муттаҳида, бавижа дар қаламраве, ки пештар зери назорати Русия буд, барои русҳо рамзӣ ва пирӯзии кӯчак ба шумор меравад.

Дар айни замон барои бисёриҳо музокироти мустақими Маскаву Вашингтон бе ҳузури Украина нишасти соли 1945 дар Ялтаро ба ёд меорад. Ҷое, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё Аврупои пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро тақсим карданд.

Доналд Трамп: фикр мекунам Путин омодаи тавофуқ аст

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп дар остонаи вохӯриаш бо Владимир Путин гуфт, фикр мекунад раиси ҷумҳури Русия омодаи тавофуқ барои поён додан ба ҷанг дар Украина аст. Қарор аст роҳбарони Амрико ва Русия имрӯз 15-уми август дар аёлати Аляска вохӯранд.

Доналд Трамп як рӯз пеш аз ин вохӯрӣ дар суҳбат бо радиои Fox News гуфт, агар вохӯрӣ бо Путин хуб пеш равад, пас аз он бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ва роҳбарони Аврупо тамос хоҳад гирифт.

Президенти Амрико афзуд, ҳадаф аз музокирот бо Путин тартиб додани як ҷаласаи дуввум бо ҳузури Украина аст. "Намедонам, ки оё мо ба як оташбаси фаврӣ даст хоҳем ёфт ё хайр", - гуфтааст Доналд Трамп.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерс", Владимир Путин дар остонаи нишасти Аляска бо вазирон ва мақомоти амниятии ҳукумати худ суҳбат кардааст. Путин дар изҳороти телевизионӣ гуфт, ба назари ӯ ИМА "талошҳои бисёр хуб ва содиқонаро барои таваққуфи хусуматҳо анҷом медиҳад."

Дар ҳамин ҳол роҳбарони Аврупо ва ҳам раиси ҷумҳури Украина нигарони он ҳастанд, ки тавофуқ дар Аляска бар зарари онҳо бошад.

Кая Каллас, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо 11-уми август гуфт, ҳамагуна созиш миёни Вашингтон ва Маскав дар бораи поёни ҷанг дар Украина бояд мавқеи Киев ва Иттиҳоди Аврупоро низ дар назар гирад.

Қирғизистон аз симхоркашӣ дар чанд минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон хабар дод

Мақомоти Қирғизистон аз кашидани симхор дар чанд минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон хабар додаанд.

Ҳукумати вилояти Ботканди Қирғизистон 13-уми август бо нашри чанд акс гузориш додааст, ки дар ағбаи Кожо Каари деҳаи Оқ-Сой ва мавзеи Каттатузи ноҳияи Лайлак сарбозон ба кашидани симхор оғоз кардаанд.

Ба қавли манбаъ, то имрӯз 62 километ марз симхор кашида шудааст.

Дар хабарномаи ҳукумати вилояти Ботканди Қирғизистон омадааст, дар вақти гузарондани симхор дар маҳаллаҳои аҳолинишин ба сокинон огаҳӣ дода шуд, ки дарахтон канда мешаванд.

Дар ҳоле, ки назари сокинони ду тарафи марз ба ин кор маълум нест, ҳукумати Ботканд гуфтааст, сокинон аз дақиқ шудани марз ва кашидани симхорро хуб хуб дарк мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи аломатгузории марз бо Қирғизистон ва кашидани симхор ҳеч гуна шарҳе намедиҳанд.

Мақомоти қирғиз қаблан гуфта буданд, то охири имсол беш аз 400 километр марзро бояд симхор кашанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 киломтер аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.

Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.

Созишнома дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми март дар шаҳри Бишкек аз сӯи президентҳои ду кишвар имзо шуд.

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи "Жуковский" дармондаанд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки чанд рӯз шуд дар фурудгоҳи “Жуковский”-и Маскав дармондаанд.

Ба гуфта ин муҳоҷирон, онҳоро аз Русия ихроҷ кардаанд, вале намегузоранд бо пули худашон билет харида ба ватан баргарданд.

Дар наворҳо дида мешавад, ки даҳҳо нафар дар як утоқ нигоҳдорӣ мешаванд.

Баъд аз ҳамла ба толори “Крокус” дар моҳи марти соли 2024, мақомоти Русия вуруди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳоро мушкил карданд.

Дар як соли ахир садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон шикоят карданд, ки онҳоро бидуни сабаби аниқ аз фурудгоҳ бармегардонанд.

Ҳалокати як пулиси тоҷик дар садамаи нақлиётӣ

Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Акс аз бойгонӣ.
Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Акс аз бойгонӣ.

Худоёр Бурҳониён, як корманди пулис дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса 13-уми август дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рух дод.

Худоёр Бурҳониён, пулисе, ки фавтид, фарзанди Олимҷон Бурҳониён, сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар будааст. Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ба хонаводаи Бурҳониён таслият баён карда, аммо ба ҷуз зикри садамаи нақлиётӣ дигар ҷузъиёт надодаанд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, пулиси фавтида зодаи шаҳри Панҷакент буда, дар Хуҷанд кору зиндагӣ мекард.

Манобеи мо мегӯянд, Худоёр Бурҳониён рӯзи 13-уми август дар роҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар наздикии заминҳои шолӣ ба садама дучор мешавад.

Дар назар аст, ки рӯзи 15-уми август ӯро дар Панҷакент дафн кунанд.

Ҳамасола дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ба асари садамаҳои нақлиётӣ ҳалок ё захмӣ мешаванд.

Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар нимаи аввали соли равон бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 нафар ба ҳалокат расида, 224 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Кашфи 100 кило нашъа дар наздикии як гузаргоҳи марзӣ дар Суғд

100 кило нашъа то гузаргоҳи “Саразм” чӣ гуна расид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Дар наздикии як гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд пинҳонгоҳи маводи мухаддирро ёфтаанд. Мақомот гуфтанд, аз ин махфигоҳ дар марзи Узбекистон сад кило маводи нашъадор гирифта шуд.

“Шаҳрвандонеро, ки ба ин кор даст зада буданд, дарёфт карда натавонистанд. Мумкин онҳо пайхас карданд, ки аз қафояшон корбарӣ рафта истодааст ё ҳолатҳои дигар,” – гуфт Бахтиёр Тоиров, корманди Идораи мубориза бо маводи мухаддир дар Зарафшон.

Амалиёт дар гузаргоҳи Саразми Панҷакент бо Ҷартеппаи Самарқанд гузаштааст. Масъулон тафсилот надоданд, ки сад кило маводи мухаддир то гузаргоҳи сарҳадӣ чӣ гуна роҳ ёфт.

Соле пеш Идораи гумруки Узбекистон аз дохили нақлиёте, ки аз Тоҷикистон мерафтанд, маводи мухаддир ёфт ва ин масъала боис ба саргардонии садҳо мусофир аз ду ҷониб гашт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мақомоти интизомии Тоҷикистонро накӯҳиш карда, хоҳони назорати сахт бар қочоқи маводи нашъаовар шуданд, то равуоро бо Узбекистон душвор нагардонад.

Масъулони Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Суғд гуфтанд, аз аввали имсол ягон мавриди қочоқи маводи мухаддир ба Узбекистон ва Қирғизистон сабт нашудааст. Санҷишу таъйиди иттилоъ аз манобеи дигар имконпазир нест. Вилояти Суғд бо Қирғизистон ду гузаргоҳи марзӣ дорад.

Олимҷон Тоирзода, иҷрокунандаи сардори Раёсати мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар Суғд, гуфт: “Ба наздикӣ камтар афюн мусодира кардем. Ҳамкорони мо дар Душанбе онро ошкор карданд. Мақсад дошанд, онро ба Қирғизистон интиқол диҳанд”.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи бештар аз 1300-километрӣ дорад, яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба хориҷ аз Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Солона дар кишвар садҳо кило афюну тарёку ҳашиш ва ҳероину шиша ё навъи синтетикии маводи мухаддир кашфу мусодира мешавад ва даҳҳо нафар ҳам барои қочоқи ин мавод паси панҷара мераванд.

“137 000 сомонӣ гирифтанд.” Парвандаи як афсари милиса дар додгоҳ

Идораи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноии як афсари милиса ва ҳамкорони ӯро ба додгоҳ фиристодааст, ки ба ришвахорӣ ва суистифода аз мансаб гумонбар мешаванд.

Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 14-уми август дар баёнияе расмӣ гуфт, ки Ҷалолиддин Нурматов ҳангоми кор дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Мастчоҳ бо чанде аз ҳамкорони дигараш ба ҷойи ҳал кардани муроҷиати корафтодагон аз онҳо пул гирифта, ё парванда боз намекарданд ё онро ноодилона тафтиш мекардаанд.

Дар баёнияи Оҷонси мубориза бо фасод омадааст, Ҷалолиддин Нурматов бо муфаттишони дигар “бо суистифода аз ваколатҳои мансабӣ 137 000 сомониро гирифта ба манфиати шахсиашон сарф намуданд."

Ба қавли оҷонсӣ, ин ҷиноятҳо дар моҳи марти имсол ва пас аз он сурат гирифтаанд. Назари муттаҳамон ба ҷиноят маълум нест ва оҷонсӣ ҳам нагуфтааст, ки оё онҳо иттиҳомотро пазируфтаанд ё не.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG